ebook img

Ахтарон. Маҷмӯи ёддоштҳо (Stars. Collected memoirs) PDF

2004·141.6 MB·Tajik
Save to my drive
Quick download
Download
Most books are stored in the elastic cloud where traffic is expensive. For this reason, we have a limit on daily download.

Preview Ахтарон. Маҷмӯи ёддоштҳо (Stars. Collected memoirs)

Холмурод ШАРИФОВ АХТАРОН Душанбе Нашриёти “Шарқи озод” 2004 Муаллиф ба Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Раҷабов барои кӯмак дар чопи китоб арзи сипос менамояд. Холмурод Шарифов Ахтарон. Маҷмӯи ёддоштҳо. Душанбе. “Шарқи озод”, 2004. 337 саҳ.. Китоби нависанда Холмурод Шарифов “Ахтарон" асари ёддоштӣ буда,дар он муаллиф маҳорати нигорандагии худро бо нозукиҳояш намоиш додааст. “Ахтарон" нусхаи такмилёфтаи ёддоштҳои мусанниф “Оламафрӯзон" (Душанбе, “Маориф" 1992 ва “Ахтарони фарҳанг" (Душанбе, “Ирфон” 2002) буда, дар он иловаҳои зиёд ворид гардидаанд. Бахшҳои ёддоштӣ роҷеъ ба Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Мирсаид Миршакар, Раҳим Ҷалил ва Одина Ҳошим иловаҳои тозаанд. Ёддоштнависӣ аз жанрҳои душвори адабиёт маҳсуб ёфта, он диди хос, дарки амиқи матлаб, маҳорати фавқулоддаро дар масоили доги умдаи рӯз талаб мекунад. Омӯхтаву андӯхтаҳои муаллиф дар шакли ёддоштҳои ҷолибу хотирнишин ва латифу ҳикматангез рӯи когаз омадаву дар ҳамин китоби пурмӯҳтаво манзури хонандагони сершумор, хусусан омӯзгорон мегардад. © X. Шарифов, 2004 Мухтарам Холмурод Шарифович, ман нисбати Шумо суханхои бехтарин- ро гуфтан мехостам. Вақти дар вази- фаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумхурии Тоҷи- кистон буданам бо ҳам дар якҷояги кор кардем. Дар рохр татбиқи ислохоти кон- ститутсионй сахми Шумо калон аст. Э. PAXJVIOHOB ПЕШГУФТОР Хонандаи азиз! Китобе, ки ба даст гирифтеду ба мутолиаи он мепардозед, “Ахтарон" унвон дошта, ба қалами Холмурод Шарифов тааллук, дорад. Бояд таъкид кард, ки X. Шарифовро дар ҷумҳурӣ чун ходими намоёни давлатӣ, олим ва узви иттиҳоди нависандагони То- ҷикистон хуб мешиносанд ва барояш арҷ мегузоранд. У ҳам дар таъ- лифи мақолаю рисолаҳои илмӣ, ҳикояю қиссаҳо, ҳам дар эҷоди ёд- номаю хотирот қувваозмоӣ кардааст ва бо имони комил метавон гуфт, ки ба комёбиҳо ноил гаштааст. X. Шарифов корманди давлатиест, адибест ва чёҳранигору ёд- доштофаринест, ки роҳу равиш ва сабку шеваи хосса дорад. Дар фаъолияти хеш ҳеҷ майлу кӯшише накардааст, ки ба касе тақлид намояд ва аз нусхабардории айнӣ хуш надорад. Дар ҳар кору вази- фа, ки фаъолият доштаасту дорад, рисолати равшангарию раҳна- моии хешро бидуни чашмдошти чизе барои рафоҳияти ҳамватанону ободонии кишвари азизамон содиқонаю сарбаландона иҷро кардааст. Ростгӯию ҳалолкорӣ, содиқона хизмат кардан ба халқу ватан, сари масъалаҳои ба миёномада амиқ андешидан, маслиҳату машварат оростан, касеро наранҷонидану ҳангоми ба душворие мувоҷеҳ гашта- ни он дасти мадад дароз кардан, дурӣ гузидан аз ғаммозону дуруя- гон, дар лаҳзаҳои ҳассоси зиндагию фаъолияти шахси ва иҷтимои ба хулосаҳои саҳеҳу амиқ омадан, дар ниҳояти муаддабӣ бо мусоҳиб сӯх,батҳои самимӣ оростан ва ғайраҳо чанде аз сифатҳои ҳамидаи инсонии X. Шарифов мебошанд. Агар кас тамоми навиштаҳои уро бо тааммуқ мутолиа ва баррасӣ намояд, аз дили пок, андешаю афкори нек ва назари хушбинӣ доштанаш огоҳ мегардад. Дар махдули заҳма- ти ба риштаи таҳрир кашидааш ӯ ҳеҷ гоҳ хислатҳои зишти шахсеро мавриди интиқод ва муҳокима қарор надодааст ва барои манфиат ҷустан амалдореро ситоиш накардааст, зеро х,амеша аз ашхоси дур- ӯяю нопок канорагирӣ намудааст. Чунин фазилати волои инсониро 3 дар ӯ муҳити хонаводагию табиати фитриаш, аз як тараф илқо карда бошад, аз тарафи дигар, таълим гирифтан аз устодони мумтоз, ҳам- нишинӣ бо ашхоси равшандилу равшанзамири ҷумҳурӣ, мутолиаи осори бузургон ва таҷрибаи ҳаёти шахсиаш дар тарбия хулқу атвори некаш нақши бузурге бозидаанд. Ёддоштнависӣ ҳам дар адабиёти пешин ва ҳам дар адабиёти му- осири тоҷику форс роиҷ аст. Ёдномаю хотироте, ки дар китоби X. Шарифов "Ахтарон ” омадаанд, бо масъалагузорию усули ҳаллу фасл аз навиштаҷоти адибони дигар фарқдорад Муаллифи асар, ки ҳам- замон муҳаққиқи масъалаҳои инкишофи шахсият ва ташаккули шуу- ри ҷамъиятӣ буда, андешаҳояш перомуни ин масъалаҳо дар рисолаи "Ташаккули одами нав" ҷамъбаст гардидаанд, бештар ба хислатҳои ботинии қахрамонони қиссаҳояш диққати хонандаро маътуф медо- рад. Аз тарафи дигар, ӯ худ, ки шоҳиди бевоситаи ҳодисаҳои дар ҷомеа рухдода ҳасту бо амри вазифа сарварии бисёр корҳои фарҳ- ангиро бар дӯш дошта, ҳамеша бо аҳли фарҳанг сарукор доштааст, барояш ошкор кардани масъалаҳои фаровони фарҳангӣ ва сифатҳои накӯи намояндагонаш ба осонӣ даст додааст. Ҳақ ба ҷониби дониш- манд Ризо Бароҳанист, ки мефармояд: "Нависанда ва шоир аз ҳар табақае, ки бошанд, на фақат худ таҳти таъсири иҷтимоъ қарор меги- ранд, балки дар дигаргунӣ ва тағйири моҳияти иҷтимоъ низ ширкат мекунанд, зеро ки забон чизи умумӣ аст ва адабиёт аз забон истифо- да мекунад. Ва ба ҳамин далел навиштаи як нафарро чанд ҳазор нафар мехонанд ва бад-ин васила як осори фардӣ, ки худ решаҳои иҷтимоӣ дорад, дар зеҳни афроди як иҷтимоъ таъсир мегузорад. Аз ҳамин рӯ, нависанда ё шоир аз се нуқтаи назар бо иҷтимоъ марбут мешавад. Нахуст аз ин дидгоҳ, ки нависанда фарди иҷтимоист ва дар иҷтимоъ зиндагӣ мекунад. Дуввумӣ, ки аз нахустин номӣ меша­ вад, марбут ба асари адабист, ки нависанда ба вуҷуд меоварад. Ҳар асари адабӣ танҳо ба далели он ки нависандаи он фарде аз афроди иҷтимоъ аст, микдоре мӯҳтавои иҷтимоӣ дорад. Ва саввум он, ки так- сири асар ба сурати чоп ва интишор бар рӯи иҷтимоъ таъсир мегузо­ рад ва дар натиҷа навишта ҳам аз иҷтимоъ мулҳам аст ва ҳам илҳом- бахши рафторҳои хоси иҷтимоӣ". Воқеан, нишасту хези доимӣ доштан бо аҳли фарҳангу адабиёту санъат, §о ҳам сафар кардан ба дохили кишвару хориҷ аз он, ишти- рок дар маҳфилҳою шабнишиниҳои мутадовим, дилбохтаи адабиёту санъат будан, вуқуфи комил доштан аз вазъи фарҳангу адабиёту санъат ва тадобири фаровоне андешидан дар хусуси рушду нумӯи онх,о ба X. Шарифов майдони васеъро фароҳам овардааст, то ки ис- теъдоду қобилияти ҳар як ахди фарҳангу адаб ва санъатро ба мушо- 4 ҳида бигирад ва дар фаъолияти онон нуқтаҳоеро ошкор намояд, ки ба дигарон даст надода. Мӯҳтавои китоб асосан зиндагию фаъолия­ ти зубдатарин афроди ҷомеаи Тоҷикистонро фаро мегирад, ки бо та- моми ҳастиашон кӯшидаанд, то кишвари азизамон дар ҳамаи соҳаҳо аз мамлакатҳои дигар ақиб намонад ва фарҳангу адабиёт ва санъа- таш "дар заминай маданияти баланд ба зебоии қадимӣ ба вуҷуд овар- да шавад ва мустаҳкам гардад” ва ворисони воқеии Фирдавсию Ҳофиз, Саъдию Дониш, Айнию Ғафуров ва Турсунзода буданро собит намо- янд. Ин аст, ки муаллиф қисми аввали китобро “Эҳегарони миллати тоҷик" ном гузошта, дар хусуси Садриддин Айнй, Бобоҷон Ғафуров, Абулқосим Лоҳутӣ ва Мирзо Турсунзода хотираю ёддоштҳои хешро пешкаши оммаи васеи хонандагон мегардонад. Ёддошту хотираҳо симои ин мардони абарқудратро чунон тасвир менамоянд, ки дар на- зари хонанда зинда ҷилвагар мешаванд ва кас ҳамзамон дар бораи ҳаёту фаъолияти онон маълумоти тозаро касб менамояд. Бар замми ин аз фаъолияти зиндагии адибону донишмандон лаҳзаҳое пешкаши хонанда мегарданд, ки дарвоқеъ дар эҳёгарони миллати тоҷик буда- нашон ҳеҷ шакку тардиде намемонад. Масалан, дар хусуси устод Айнӣ X. Шарифов мефармояд: “Ёд дорам, ки вай (С. Айни - С. Р.) ба ахди маҷлис “Рафиқо" гуфта муроҷиат мекард, дигарон бошанд “ра- фиқон мегуфтанд”. Дар ёддоштҳо аз гуфтаи Б. Ғафуров ва сӯҳба- тҳои ӯ дар бораи таърих, адабиёт, санъат, театр, драматургия, бар- номаҳои мактабҳои миёна ва ғайраҳо иқтибосҳое оварда шудаанд, ки ҷумла аз ғамхории доимӣ доштан нисбат ба ҳаммиллатонаш дарак медиҳанд. Порчаи мазкур намунаи барҷастаест ба тақвияти фикри боло. Дар сӯҳбате Б. F афуров гуфтааст: “Ба ақидаи ман, барномаҳои мактабхди ибтидоӣ, ҳафтсола ва миёна ба талабот ҷавоб намеди- ҳанд, зеро дар онҳо масъалаҳои батафсил омухтани забони модари, намунаҳои беҳтарини мероси адабию мусиқи муфассал инъикос на- ёфтаанд. Хуб мешуд, агар китобҳои таърихи халқамон аз сари нав навишта мешуданд. Забони русиро ба дараҷаи кофӣ медонанд, до- нандаҳои варзида мутахассисони обрӯманди забонҳои хориҷӣ зиёд шуданд. Вале, афсӯс, ки аксари мардуми мо забони адабии миллии худ, баъзеҳо ҳатто ягон лаҳҷаи тоҷикӣ ва таърихи халқи худро наме- донанд". Баъзан дар хотираҳои ба шоирон бахшидаи X. Шарифов як навъ баҳодиҳӣ ба моҳияти асар ва ё ашъор ба назар мерасанд, ки хеле ҷолиб буда, ҷанбаи адабиётшиносӣ доштани навиштаҳоро таъкид месозанд. Ва дар асл, ин баҳо бамавқеъ^ муносиб ва ҳаққонианд. Хонанда мебинад, ки ёддошту хотироти руи коғаз овардаи X. Шари­ фов қиссаю накди оддии рафти сафар набуда, зимни онҳо масъа- 5 лаҳои фаровони таҳқиқӣ, ахлоқй, тарбиявӣ ва Ғайраҳо матраҳ гашта- анд. Масалан, дар бораи ашъори Лоҳутӣ аз забони С. Улуғзода чунин менигорад: “Одамҳо барои нафсонияти худ шуда ақидаашонро зуд дигар мекардагӣ кам нестанд. Аз ин ҷих,ат ҳар сатри ашъори Лоҳутӣ моҳияти тарбиявӣ доранду инсонро ба пояҳои баланди фазилат, ах- лоқ ва далерӣ ҳидоят мекунанд". Муаллиф перомуни рӯзгор ва фаъолияти ҷамъиятии шоири ша- ҳир Мирзо Турсунзода андеша ронда, бо навиштаҷоти хеш мӯҳри су- кут бар даҳони баъзе аз даъвогарон, ки вак^ҳои охир ӯро фақат шои­ ри сиёсатмадор мепиндоранд, мезанад ва андешаашро чунин иброз медорад: ' Мирзо Турсунзодаро баъзеҳо фақат шоири сиёсатмадор ва гуяндаи иҷтимоию рӯзмарра мешуморанд. Ин ҳақ аст, зеро ӯ пай- рави фикри солиме буд, ки адабиёт чун тасхиркунандаи ақлу дил Қабл аз ҳама бояд масъалаҳои гражданӣ, орзуву умеди халқ барои пешравию беҳбудии инсон, васфи Ватан ва омоли неки аҳли оламро инъикос намояд. Аз ин ҷиҳат мағз андар мағзи эҷодиёти амиқмазму- ну баландғояи ӯ ҷанбаи гражданӣ ва обуранги сиёсӣ дорад ва ода- монро ба мубориза даъват менамояд. Аммо ин ҳаргиз чунин маънӣ надорад, ки ӯ сиёсатчии "хушк” буду аз лирикаи ишқӣ сарфи назар мекард... Лирикаи М. Турсунзода бо лирикаи гражданиаш зич омехта ва алоқаманд буда, ошиқони нигоштаи шоир маъшуқаҳои поктинати ғанимаънавиятро меписанданд... Аз шоирони советии тоҷикҳеҷ касе ба монанди М. Турсунзода дар васфи зан шеъру достонҳои пуробу- ранг нанавиштааст гӯем агар, хато нахоҳем кард...”. X. Шарифов қисми дувуми ёдномаро "Пешоҳангони фарҳанги на- вин ном ниҳода, перомуни мулоқоту вохӯриҳо, сафару шабнишиниҳо бо ахтарони халқи тоҷик Абдусалом Деҳотӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Боқӣ Раҳимзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Абдулаҳад Қах^оров, Фаз- лиддин Муҳаммадиев, Файзулло Ансорӣ, Лоиқ Шералӣ, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Убайди Раҷаб, Аловуддин Баҳовуддинов ва чанде дигарон андешаҳои худро баён месозад, ки омӯзандаанд. Бахши саввуми китобро "Чеҳраҳои ҳунар” ном гузошта, муаллиф дар хусуси санъаткорони мумтоз Акашариф Ҷӯраев, Меҳрубон Наза­ ров, Мирзораҳмат Олимов, Борис Кимёгаров, Малика Собирова, Маҳ- мудҷон Воҳидов, Раҷабгул Қосимова ва дигарон маълумоти пурра- дода, фикрҳои ҷолиби диққатеро оид ба нозукиҳои санъати ҳунарва- рии онон пеш меронад. Аз муҳокимаронию ошкор сохтани сирри санъ­ ати волои ашхоси номбурда ҳувайдост, ки муаллиф аз нозукиҳои кори санъатварон бохабар аст. Агар муаллифи ёддоштнома аз сирру ас- рори санъат огоҳӣ намедошт, чунин муҳокимарониҳои бамантиқу баҷо ва асоси илмидошта барояш номумкин мегашт: “...Сурудҳои Акаша- 6

See more

The list of books you might like

Most books are stored in the elastic cloud where traffic is expensive. For this reason, we have a limit on daily download.